Муборак бод!

27-уми августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода ба муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Музафар Бурҳон медали “Хизмати шоиста”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 тасдиқ гардидааст бо тантана сарфароз гардониданд.
Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири кишоварзӣ Мирзозода Музафарро бо гирифтани медали “Хизмати шоиста” таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбҳо хоҳонанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот