Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маслиҳати мутахассис! “Тарзу усулҳои хушккунии ангур дар шароити Тоҷикистон”

28.08.2021
          Тоҷикистони азизи мо, сарзамини обҳои зулолу кӯҳистони пурбаракат ва водиҳои сабзу хуррам мебошад. Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд намоем.
           Ангур яке аз меваҳои хуштаъму болаззат ва шаҳдбори кишвари биҳиштосои Тоҷикистони азизи мо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон намудҳои гуногуни ангур парвариш карда мешаванд. Аз он ҷумла; Сафо, Ҳусайнии сафед, Ҳусайнии сиёҳ, Зарифӣ, Султонӣ, Анзоб, Ғалаба, Тоифии гулобӣ, Нимранг, Кишмиши сафед, Кишмиши сиёҳ, Ҳисории барвақтӣ, Миёна, Чиллагӣ ва ғайраҳо.
         Тайи чанд соли охир талаботи давлатҳои хориҷи кишвар ба мавизи истеҳсоли Тоҷикистон хеле зиёд шуда, деҳқонони кишварро водор месозад, ки ба ин самти даромаднок таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Ашт, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва дигар минтақаҳои кишварамон корхонаҳои хушккунии ангур бо истифода аз технологияҳои нави замонавӣ, методҳои Хитоӣ ва дигар усулҳо кору фаъолият карда истодаанд.
         Яке аз ин хоҷагиҳо хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019”-и ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав аст, ки асосан ба хушк кардани навъи ангури ¬Ғалаба машғул мебошад.
         Якубов Комилҷон аз соли 2019 инҷониб сардории хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019”-ро ба ӯҳда дошта, кӯшиш менамояд, ки маҳсулоти истеҳсолкардааш қобили қабули харидорон бошад.
         Чуноне, ки мавсуф қайд кард “Хушк кардани агнур дар офтоб хеле кори душвору заҳматталаб буда, барои тайёр кардани он деҳқон бояд аз ҳар як рӯзи офтобӣ самаранок истифода барад”.
                                             Тарзҳои омода намудани мавиз
         Ангури тару тозаро дар саҳрои гарму тафсон ба чойлоб овехта, давоми 40-45 рӯз хушк мекунанд, агар ангур донадор бошад, баъд аз хушк шудан ҳар як донаи онро аз мавиз ҷудо карда мегиранд.
Баъди он мавизро 1 маротиба бо оби хунук, маротибаи дуюм бо оби гарм шӯста, сипас ба воситаи асбоби хушккунак (сушилка) онро хушк мекунанд.
          Мавизро бо усулҳои гуногун аз ҷумла: одӣ дар рӯи бурё, бордон ё суфаҳо, ки бо ин усул ангур дар 20 - 30 рӯз хушк мешавад тайёр мекунанд.
          Аз ангури бо маҳлули ишқор таркарда дар 7 - 10 рӯз 24 - 30% ва дар сояхона дар 4 - 8 ҳафта 23 - 25% мавиз хушк мешавад, ки он сершираву рангдор ва кабудчатоб аст.
          Намии мавиз набояд аз 18% зиёд бошад.
          Мавизро аз гарду чанг ва дигар омехтаҳо тоза карда, ба халта ва қуттиҳо меандозанд.
                                                                Навъҳои мавиз
         Дар ҷумҳурии мо чанд намуди мавизро вохӯрдан мумкин аст аз ҷумла:
бедона - кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буғи сулфур хушконидашуда;
сабза - кишмиши сафеди ба маҳлули ишқор (маҳлули 0,2 - 04-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконидашуда; барои рангдор шудани мавиз ангурро (дар ҷевон ё хонаи махсус) бо сулфур буғ дода, дар рӯи чиғбастҳо (штапелҳои тахтагини 90 х 60см) мехушконанд;
соягӣ - кишмиши сафеди дар хонаҳои махсуси соягӣ (хонае, ки чор атрофи девораш сӯрохиҳои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконидашуда;
шиғонӣ - кишмиши сиёҳи дар офтоб хушконидашуда;
авлон - дар офтоб хушконидашуда;
гармиён - навъи дар маҳлули ишқор тар карда, сипас дар офтоб хушконидаи ангури каттақурғонӣ, султонӣ ва нимранг; барои рангдор шуданаш онро бо сулфур буғ дода, дар чиғбастҳо мехушконанд;
                                        Таркиб ва хусусиятҳои шифоии мавиз
          Мавиз то 80 – 85% қанд, 0,5 – 3% туршӣ, 2,3% моддаҳои нитрогедор ва ғайра дорад. Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар мавизро бихӯранд, хилти ғафсро пазонда, барои дафъ шудан тайёр мекунад, меъда ва рӯдаҳоро аз чизҳои бегона пок мегардонад, ҷигарро қувват медиҳад, дар одамони сардмизоҷ бодро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сулфаи балғамӣ, бемориҳои гурда ва пешобдон даво мешавад, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Агар ба ҷои тухмаш дар ҳар мавиз як дона мурч ҷой карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, барои чакмезак дармон мешавад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Мавизро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Мавизи камшираю камгӯшт дарунравиро мебандад ва шикамро қувват мебахшад. Оберо, ки дар он кишмиш тар карда ё ҷӯшонда шудааст, бо қанди сафед қиём карда бихӯранд, сулфаро шифо мебахшад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мекунад, овозро соф мегардонад.
          Аз 100кг ангур 25кг мавиз истеҳсол карда мешавад, ки нархи 1 килограмми он аз 100 то 150 сомонӣ нарх дорад мегӯяд К.Якубов.
          Соли 2019 хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019” 20 тонна ва соли гузашта 10 тонна мавиз ба давлатҳои хориҷ аз қабили - Америка, Арабистон, Дубай ва Хитой содирот шудааст, ки дар оянда низ ин иқдом идома дорад.
          Имсол бо дархости давлатҳои хориҷӣ сардори хоҷагии деҳқонии мазкур навъи ангури “Гигант”, ки бедона буда, барои омода намудани мавиз хеле қулай аст ворид намуда, ният доранд, ки соли 2022 дар 200 гектар ин навъи ангурро парвариш кунанд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019” саҳмдорони хоҷагии деҳқонии мазкур, ки 100 нафарро ташкил медиҳанд, ба кор ҷалб шуда, сари вақт бо маош таъмин мебошанд.
         “Имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки кишоварзонро аз андози ягонаи замин барои 1 сол озод мекунанд ва ҳадаф аз ин тасмимро дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ арзёбӣ намуданд, ба мо деҳқонон сабукии бисёр овард ва дилгармӣ ба шуғли дӯстдоштаамонро зиёд намуд” иброз дошт сардори хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019” К.Якубов.
         Хоҷагии деҳқонӣ тасмим дорад, ки солҳои оянда корхонаи ангурхушккунии муҷаҳҳаз бо техникаҳои ҳозиразамон сохта бо ин васила дар рушди бозори кишвар, ҳарчӣ бештар ҷалб намудани кишварҳои хориҷ ба маҳсулоти ватанӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.
 
 
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: