Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (22.08.2021)

23.08.2021

        Ҷамъоварии ҳосили картошка

        Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳур. дар майдони 34182 га кишти картошка гузаронида шуда, 13092,1 гектари он ҷамъоврӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3418,1 га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 227747,8 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65065 тонна зиёд мебошад.

         Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 20.08.2021 дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548 га 65422 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 га 104038 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 га 775 тонна ва НТҶ бошад аз майдони кишти 10182 га 57512,8 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

        Ҷамъоварии сабзавот

        То санаи 20.08.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурҳ ҷамагӣ дар майдони 40143 га сабзавот кишт шуда , аз он майдони 32022,1 га ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 833 га зиёд мебошад.

        Ҳосили умумӣ 945037 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 78630 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 295 сентнерро ташкил медиҳад.

        Аз он ҷумла, пиёз 478364 тонна, карам 34260 тонна , помидор 162600 тонна, бодиринг 93732 тонна, сабзӣ 84260 тонна ва 91821 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

          Ҷамъоврии полизиҳо

         Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 га кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 15229 га ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 388 га зиёд мебошад.

         Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 335143 тонна ва НТҶ ба миқдори 5848 тонна полизӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

         Ҷамъоварии меваю ангур

         Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 20.08.2021 ба миқдори 119094 тонна мева ва 13844 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

         Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 67077 тонна мева ва 7672 тонна ангур, вилояти Суғд 40850 тонна мева ва 1499 тонна ангур, ВМКБ ба миқдори 786 тонна мева ва НТҶ ба миқдори 10381 тонна мева ва 4673 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

           Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

          Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони  307568 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 20.08.2021 майдони 265663 гектар даравида ва майдони 263788 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6719 га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумӣ ба миқдори 789953 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40174 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз як га 29,9 сентнерӣ мебошад.

         Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо аз 1086 адад комбайнҳои ғалладаравӣ (901 адад омодаи кор) ҳамагӣ 62 адад комбайнҳо иштирок намуданд. 

        Ҷамъоварии ҳосили гандум

         Бо такя ба маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 га кишти гандум гузаронида, майдони 196328 га даравида, майдони 194760 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13779  га зиёд мебошад.

        Ҳосили умумӣ ба миқдори 638092 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66910 тонна зиёд мебошад.

           Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

           Баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишоврзони ҷумҳурӣ ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ оғоз намуданд.

          Тибқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 101451,7 гектар буда, 111,4 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

           Аз майдони умумӣ 44511,1 гектарро зироатҳои ғалладонагӣ ташкил медиҳад, ки аз он 19540,3 га ҷуворимакка барои дон, 11320,1 шолӣ, 13650,7  га дигар ғалладонагиҳо аз он 884,1 га картошка, 12567,9 га сабзавот, 4088,4  га полизӣ, 2827 га зироатҳои техникӣ ва 36573,2 га кишти хӯроки чорво мебошад.

          Захираи хӯроки чорво

         Бо мақсади омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани давраи зимистони солҳои 2021-2022 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 20.08.2021 1455747 тонна хӯроки дурушт ва 22124 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта хӯроки дурушт 61263 тонна ва ширадор 5805 тонна зиёд мебошад.

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзӣ тел: 235-39-23

 

Илова кунед: