Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ

15.11.2021

Ҷамъоварии ҳосили пахта

       Пахтапарваронӣ ҷумҳурӣ то санаи  12.11.2021  аз майдони умумии кишт 173945 гектар, 372776 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии миёна аз ҳар як гектар 21,4 сентнериро ташкил медиҳад. Рафти ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад .

      Дар вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га  253093 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 133838 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 5746 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Ҷамъоварии сабзавот

      Соли ҷорӣ  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 40142,9 га кишти сабзавотҳо гузаронидаанд, ки аз ин майдони 40065,1 га ҷамъоварӣ карда шуд.

      Ҳосили умумӣ 1222198,4 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 97545,4 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 304,5 сентнерро ташкил медиҳад.

      Аз он ҷумла, пиёз 580480,7  тонна, карам 40959,8 тонна, помидор 245468,2 тонна, бодиринг 107041,4 тонна, сабзӣ 116948,8 тонна ва 131299,5 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

      Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи  12.11.2021  аз майдони умумии 34182 гектар кишти картошка, майдони  32556,1 гектар ҷамъоварӣ шуда, 739282,5 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100517,5 тонна зиёд буда, ҳосилнокии миёна аз ҳар як гектар 227,1 сентнериро ташкил медиҳад.

      Дар вилояти Суғд аз майдони умумии кишт 16548,4 га, майдони 14960,3 гектар ҷамъоварӣ шуда,  387145,5 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

      Дар вилояти Хатлон аз майдони умумии 6091 га кишти картошка,  108352 тонна ҳосил ба даст овардаанд, дар ВМКБ аз майдони умумии кишт 1361 га, майдони 1351 гектар ҷамъоаварӣ шуда, 18590  тонна ҳосил ба даст овардаанд ва инчунин дар НТҶ бошад аз майдони умуии кишт 10181,6 га майдони 10153,8 гектар ҷамъоварӣ шуда,  225195 тонна ҳосил ба даст оварда шудааст.

Ҷамъоврии полизиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то санаи 12.11.2021 аз майдони  умумии 19090,9 га кишти полизиҳо, майдони 19070,9 гектари он ҷамъоварӣ шуда, 539427,7 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

       Аз ин дар вилояти Суғд истеҳсоли полизиҳо 139002 тонна, вилояти Хатлон 387377 тонна, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 12898,7 тонна ва дар ВМКБ 150 тонна мебошад.

Ҷамъоварии меваю ангур

        Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 12.11.2021 ба миқдори 203497 тонна мевагиҳо ва 132175,4 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд.

       Кишоварзони вилояти Хатлон ба миқдори 97491 тонна мевагиҳо ва 29881 тонна ангур, вилояти Суғд 60189,8 тонна мевагиҳо ва 41503 тонна ангур, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба миқдори 38848,2 тонна мевагиҳо ва 60791,4 тонна ангур ва дар ВМКБ истеҳсоли мевагиҳо ба 6968 тонна расонида шудааст.

Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва барваќтии зироатҳои кишоварзӣ

       Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад. Ба санаи 12.11.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 112951 гектар шудгор ва дар майдони 70354 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳрои бо маром идома дорад.

       Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ 158019 гектар ғалладонагиҳо, 6363 гектар картошка ва 15692 гектар сабзавотҳо мебошад.

       Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар иҷро шуд 28680 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар иҷро шуд 9102 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар иҷро шуд 24240 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 иҷрои шуд 507 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар иҷро шуд 6640 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар иҷро шуд 1037 гектар.

Фаъолияти гармхонањои доимамалкунанда

      Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳуӣї то санаи 12.11.2021 дар майдони 58, 4 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он помидор 27,3 га, бодиринг 16,91 га ва дигар сабзавотҳо 14,2 гектарро ташкил медиҳад.

      Ҳаҷмӣ истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 389,9 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он помидор 216,3 тонна, бодиринг 120,1 тонна ва дигар сабзавотҳо 53,5 тонна мебошад.

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 235-39-23

 

Илова кунед: