Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (15.10.2021)

20.10.2021

Ҷамъоварии ҳосили пахта

     Дар асоси маълумоти омории Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили  пахта ба ҳолати 15.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 173945 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.

     Аз майдони киштшуда аз аввали мавсим 284499 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки  10640 тоннаи он  бо мошини пахтачинӣ чида шуда,  ҷамъоварии пахта нисбати соли 2020 - 35413 тонна зиёд мебошад.

      Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 194206 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 86663 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 3629,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони  307568 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 15.10.2021 майдони 294388 гектар даравида ва майдони 294360 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3012 га зиёд мебошад.

       Ҳосили умумӣ ба миқдори 871948 тонна расонида шуда, ҳосилнокӣ аз як га 29,6 сентнерӣ мебошад.

       Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо аз 1086 адад комбайнҳои ғалладаравӣ  901 адади он омодаи кор мебошанд. 

Ҷамъоварии ҳосили гандум

      Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 15.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 га кишти гандум гузаронида, майдони 212944 га даравида ва куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7981  га зиёд мебошад.

       Ҳосили умумӣ ба миқдори 684419 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48414 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

       Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.10.2021 дар майдони 34182 га кишти картошка гузаронида шуда, 27194 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11537,1 га зиёд мебошад.

       Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 586389 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316563,5 тонна зиёд мебошад.

       Дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548,4 га 11897 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 га  6091 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 га 971 тонна ва НТҶ бошад аз майдони кишти 10181,6 га 8235 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии сабзавот

      Ба ҳолати 15.10.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 40142,9 га сабзавот кишт шуда , аз он майдони 38374,8 га ҷамъоварӣ карда шуд.

       Ҳосили умумӣ  1174317 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 182784 тонна зиёд аст, ҳосилнокӣ аз ҳар га 306,0 сентнерро ташкил медиҳад.

       Аз он ҷумла, пиёз 563148 тонна, карам 38929 тонна, помидор 237062 тонна, бодиринг 105873 тонна, сабзӣ 111376 тонна ва 117928 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоврии полизиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то санаи 15.10.2021 соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 га кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 18892,1 га ҷамъоварӣ шудааст.

       Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 132039 тонна, вилояти Хатлон 386619 тонна, НТҶ ба миқдори 12865,3 тонна ва ВМКБ 150 тонна полизӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷамъоварии меваю ангур

       Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 15.10.2021 ба миқдори 173945 тонна мева ва 101221 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

       Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 87395 тонна мева ва 27373 тонна ангур, вилояти Суғд 55950 тонна мева ва 35432 тонна ангур, НТҶ ба миқдори 26378 тонна мева ва 38416 тонна ангур ва ВМКБ ба миқдори 4222 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ

       Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 15.10.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 29426 гектар кишт гузаронида шуда, 16%-и иҷрои дурнаморо дар бар мегирад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1117 га зиёд мебошад.

       Аз он ғалладонагиҳо дар майдони 20811 га кишт шуда, 13%-и иљрои  дурнамо буда, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2611 га зиёд аст.

Аз ҷумла дар майдони 18428 га гандум ва дар майдони 2383 га ҷав кишт шудааст.

       Вилояти Хатлон дар майдони 15309 га, вилояти Суғд дар майдони 12519 га ва НТҶ дар майдони 1568 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронидаанд

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 235-39-23

Илова кунед: