Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (05.11.2021)

10.11.2021

        Ҷамъоварии ҳосили пахта

        Дар асоси маълумоти омории Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили  пахта ба ҳолати 05.11.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 173945 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.

        Аз майдони киштшуда аз аввали мавсим 366740 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки  16282 тоннаи он  бо мошини пахтачинӣ чида шуда,  ҷамъоварии пахта нисбати соли 2020 - 16949 тонна зиёд мебошад.

        Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 250454 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 110916 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 5355 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

         Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

         Тибқи маълумотҳои ҷамъбастии фаврӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони  307568 га кишти ғалладонагиҳоро гузарониданд, ки то санаи 05.11.2021 майдони 301737 гектар даравида ва майдони 301736 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10388 га зиёд мебошад.

          Ҳосили умумӣ ба миқдори 921041 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32456 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз як га 30,5 сентнерӣ мебошад.

          Ҷамъоварии ҳосили гандум

          Мувофиқи  маълумотҳои ҷамъбастии фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба њолати 05.11.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 га кишти гандум гузаронида шуда, майдони 213087 га даравида, майдони 213088 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8041  га зиёд мебошад.

          Ҳосили умумӣ ба миқдори 684856 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48851 тонна зиёд мебошад.

         Ҷамъоварии ҳосили картошка

         Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.11.2021 дар майдони 34182 га кишти картошка гузаронида шуда, 31521 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1921 га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 691274 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144740 тонна зиёд мебошад.

         Дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548,4 га 340024 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 га  108311 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 га 17998 тонна ва НТҶ бошад аз майдони кишти 10181,6 га 224941 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

         Ҷамъоварии сабзавот

         Ба ҳолати 05.11.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 40142,9 га сабзавот кишт шуда , аз он майдони 40031,6 га ҷамъоварӣ карда шуд.

         Ҳосили умумӣ  1208653,3 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 102003,3 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 301,9 сентнерро ташкил медиҳад.

         Аз он ҷумла, пиёз 579551,7  тонна, карам 40775,8 тонна, помидор 240150,3 тонна, бодиринг 105993,4 тонна, сабзӣ 114151,3 тонна ва 128030,8 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

       Ҷамъоварии полизиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то санаи 05.11.2021 соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 га кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 19070,4 га ҷамъоварӣ шудааст.

       Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 139002 тонна, вилояти Хатлон 386619 тонна, НТҶ ба миқдори 12859,3 тонна ва ВМКБ 150 тонна полизӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

       Ҷамъоварии меваю ангур

       Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 05.11.2021 ба миқдори 189063,5 тонна мева ва 127718,8 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

        Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 93596 тонна мева ва 29370 тонна ангур, вилояти Суғд 58314 тонна мева ва 41503 тонна ангур, НТҶ ба миқдори 31500,5 тонна мева ва 56845,8 тонна ангур ва ВМКБ ба миқдори 5653 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

 

 

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 235-39-23

Илова кунед: