Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми соҳибкорзанон баргузор шуд!

19.11.2021

    Санаи 19-уми ноябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми соҳибкорон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занонбахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор дар сатҳи баланд баргузор гардид.

     Форуми мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҷрибаи беҳтарин оид ба баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳо, ки аз ҷониби занҳо дар самти кишоварзӣ тавассути воситаҳои мухталиф идора мешаванд ташкил карда шуд.

      Дар ҳамоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, бахши хусусӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ, Ассотсиятсияҳо ва ташкилотҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва ВАО иштирок намуданд.

      Барномаи Форуми мазкур аз се  панел -Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , Рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ ва васеъ намудани имкониятҳо дар минтақаҳо барои бонувон, воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасонҳои электронӣ  иборат буд.

       Маросими кушодашавии расмии Форуми мазкур аз ҷониби Хуршед Кодир муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, сухани ифтитоҳӣ ба Матлубахон Сатториён Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

        Инчунин дар Форуми мазкур Саъдӣ Қодирзода Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, Барбара Рамбусек директори Депортаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Мубин Рустамов Роҳбари барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон, Сабоҳат Раҳимзода роҳбари Ассотсиатсияи “Кадбону”, Маърифат Неъматова Директори ҶДММ “Маърифат”, Умедахон Пулотова Роҳбари ҶДММ “IT-Run” ва  Қундузой Усмонова Роҳбари ҶДММ “Шоми Ҷомӣ” баромдҳои пурмӯҳтаво намуданд.

        Ҳамзамон дар Форуми мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорзанон, ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чакан, зардӯзӣ, заргарӣ ва дигар маҳсули меҳнати занони ҳунарманди мамлакат  манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуда, инчунин  мулоқот ва мубодилаи афкор байни иштирокчиёни Форуми номбурда баргузор гардид.

        Мавриди тазаккур аст, ки Нигина Раҷабова мушовири Котиботи ислоҳоти аграрии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ ва васеъ намудани имкониятҳо дар минтақаҳо”-ро муаррифӣ  менамуд ва дигар соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон бо баромад ва презентатсия иштироки фаъол намуданд.

         Дар фарҷом якчанд созишномаҳо дар самти дастгирии соҳибкорзанон ба имзо расонида шуда, ба фаъолони Форуми мазкур аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ Сипосномаҳо супорида  шуд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

235-39-23.

Илова кунед: