Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Шаҳринав Семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид!

21.08.2021
 
        Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 - уми августи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои парвариши ангур дар шароити          Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
       Дар кори семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, олимону кормандони институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Хоҷагии деҳқонии ба номи “Иброҳимҷон-2009”-и ноҳияи Шаҳринав, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии минтақа иштирок намуданд.
       Инчунин, зиёда аз 80 нафар хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз он 40 нафар аз ноҳияҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
       Семинарро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки семинари имрӯза дар доираи Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама баромадҳояшон тақвиятбахшии соҳаи кишоварзии мамлакатро таъкид менамоянд, баргузор мешавад.
       Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ, танҳо баёни мушкилию норасоиҳои соҳа набуда, балки табодули афкор, таҳлилу баррасии рушди соҳа, мусоидат кардани технологияи инноватсионии рушди соҳаи токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии ангур дар ҷумҳурӣ мебошад.
       Баъдан дар қисми назариявии семинар маърӯзаҳо аз тарафи -директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, мудири шуъбаи технологияи инноватсионии токпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ ва мудири шуъбаи ҳимояи набототи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар мавзӯъҳои - «Ҳолати кунунии рушди соҳаи токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хусусиятҳои парвариши навъҳои ояндадори ба содирот нигаронидашудаи ангур», «Самаранокии рушди ангурпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Касалию ҳашаротҳои зараррасони ангур ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо» бо тавсияву дастурҳо пешниҳод гардиданд.
        Дар қисми амалӣ бошад иштирокчиёни семинар бо парвариши навъҳои содиротии ангур дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Иброҳимҷон-2009”-и ноҳияи Шаҳринав шинос шуданд.
        Ҳамчунин, иштирокчиёни семинар тарзи хушккунии ангурро дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон-2019”-и ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав дидан намуданд, ки аз тарафи хоҷагидорон тарзу усули хушконидани меваи ангур ба тафсил дар амал намоиш дода шуд.
       Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Шаҳринав асосан навъҳои ангури “Дамские палочки”, “Ҳусайнӣ”, “Ҷавси дараи алмосӣ”, “Победа” ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.
 
 
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: