27-уми августи соли 2021-ум дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анвариро бо медали “Хизмати шоиста”, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 тасдиқ гардидааст бо тантана сарфароз гардониданд.
Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анвариро бо гирифтани медали “Хизмати шоиста” муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ хоҳонанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот