Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

5-уми сентябр Идҳои "Каду, харбузаву тарбуз ва ангур" баргузор мегардад!

30.08.2021
 
     
 
       Бо мақсади таъмини иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, санаи 05.09.2021 дар Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе "Иди каду", "Иди харбузаву тарбуз" ва "Иди ангур" баргузор мегардад.
       Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза, ангур ва маҳсулотҳои кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулотҳо омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
 
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: