Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи натиҷаи ҳисоботи шашмоҳаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

19.08.2021

        Санаи 19 - уми августи соли ҷорӣ дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботи шашмоҳаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба натиҷаи аудити молиявӣ дар дастгоҳи марказӣ ва баъзе ташкилотҳои зертобеи вазорат баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа муовинони вазир – Мирзозода М.Б., Зеваршои З.Т., Сараудитори Палатаи   ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Одиназода М.Г., кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону сармуҳосибони ташкилотҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

        Дар ҷаласаи мазкур хулоса ва натиҷаи санҷиши аудити молиявии дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мутахассисони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021, ки дар дастгоҳи марказии вазорат ва 13 ташкилотҳои зертобеи он дар давраи солҳои 2019-2021 гузаронида шуда буд, баррасӣ гардид.

        Қайд кардан ба маврид аст, ки камбудиҳое, ки аз тарафи мутахассисони Палатаи   ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти санҷиш ошкор гардиданд сари вақт бартараф карда шуда, таъкид гардид, ки дар оянда ҷиҳати иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ аҳамияти ҳамаҷониба равона карда шавад.

        

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: