Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ дар шаш моҳи соли 2020

15.07.2020

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2020 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа санаи 11.07.2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Қ. баргузор гардид.

        Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода А.Ф.  маърӯзаи ҳисоботӣ  “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар шаш моҳи соли 2020 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа”-ро баён намуданд. Аз маърӯза маълум гардид, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва вохӯриҳо бо олимон ва аҳли эҷод, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бар меоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид. (Ҳисобот дар шакли фишурда замима мегардад).

        Сипас, гузоришҳои мухтасар оид ба фаъолияти шаш моҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои зертобеи вазорат шунида шуда оид ба масъалаҳои ҷорие, ки дар ин давра ҳалли худро наёфтанд, муҳокима ва масъалагузорӣ карда шуд.

        Дар интиҳои кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ баромад намуда, таъкид сохтанд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои  Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору лоиҳаҳое, ки ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст, масъулияти баланд нишон дода, пайи иҷро намудани онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

         Ҳаминтариқ, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, вазифаҳои минбаъда ба масъулини соҳа гузошта шуд.

 

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2020

 

  • Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушд тавассути танзими  самаранок ва дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ  аз ҷониби вазорат 14 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, аз он ду санад тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, чаҳорто мавриди баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла,

- ҷиҳати иҷрои банди 1.6 Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар нимсолаи якуми соли 2020, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»  таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 майи соли 2020, №245 тасдиқ гардидааст;

- бо назардошти вазифа ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25 июни соли 2020, № 386 тасдиқ гардидааст;

- бо мақсади татбиқи самараноки Барномаи маҷмўавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №160” таҳия гардида,   санаи 16 июни соли 2020, №1/10-1706 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст;

- бо мақсади иҷрои банди 8 супориши протоколии ҷаласаи XХ Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон барои давраи то соли 2040” таҳия гардида, санаи 4 июли соли 2020, №1/7-1917 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст;

- бо мақсади иҷрои банди 9 супориши протоколии ҷаласаи XХ Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон “Дар бораи Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.)” таҳия гардида, санаи 4 июли соли 2020, №1/7-1916 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст;

- ҷиҳати иљрои банди 1.1 Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар нимсолаи дуюми соли 2020, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №438 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2016 - 2020» санаи 6 июли соли 2020, №1/9-1931 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон“Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №191, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2012-2020» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии КВД “Саноати меваю сабзаотпарварии Тоҷикистон ” таҳия гардидаанд, ки дар раванди мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дошта, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

  • Афзоиш ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

 Вазорат дар доираи ваколатҳои муайяншуда, мониторинги доимии истифодаи самараноки иқтидори кишоварзии мамлакатро ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои зерини соҳа ноил гардид:

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хољагидории љумҳурӣ ҳаљми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9393,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,5 ва 7,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хољагидорӣ истеҳсоли ѓалладонагиҳо 606443 тонна, сабзавот 902607 тонна,  полизӣ 243149 тонна, мева 123515 тонна, ангур 2148 тонна, гўшт 80676 тонна, шир 366417 тонна, асал 616,3 тонна, моҳӣ 832,2 тонна, пашм4762,1 тонна ва тухм 443,6  млн. донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ѓалладонагиҳо 31719 тонна ё 5,5%,  сабзавот 117901 тонна ё 15%, полизӣ 34263  тонна ё 16,4%, мева 2138 тонна ё 1,8%, ангур 193 тонна ё 9,9 %,  гўшт 6680 тонна ё 9,0%, шир 2201 тонна ё 0,6%, асал 5,8 тонна ё 1,0%,  моҳӣ 368 тонна ё 79,3%, пашм  59,3 тонна ё 1,3%, ва тухм 136,2 миллион дона ё 44,3% зиёд гардид. Истеҳсоли картошка 196815 тоннаро ташкил дода, ба 77,8 фоиз ва пилла ба 378 тонна ё 50,4 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

  • Тақвияти соҳаи тухмипарварӣ

Рўёнидани ҳосили фаровон аз захираи тухмии хушсифат вобастагӣ дошта, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳосили соли 2019 барои тухмӣ 127228 тонна тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзиро захира намуданд, ки дар кишт васеъ истифода карда шуд.

Бо тавсияи мутахассисони вазорат аз љониби ширкатҳои ватанӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали  Муттаҳид (ФАО ООН) ва аз љониби Барномаи Ҷонибдории  Инкишофи Манотиқи Куҳистони  Ташкилоти  Оғохон ба миқдори 93,3 тонна чигити тухмии навъҳои “Синюсза-39” ва “Дустӣ-1” (Инхай-6) ,“Флеш”, “Едесса” ва бо мақсади зиёд намудани майдони кишти картошка 120 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ва “Бигроза” ба љумҳурӣ ворид карда шуд.

 

  • Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Барои замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои омори пешакии майдони кишти зироатҳо (4-кишоварз) кишти ғалладонагиҳо дар майдони 389535 га, зироатҳои техникӣ 214050 га, картошка 58148 га, сабзавот 69886 га, полизӣ 22754 га ва кишти зироатҳои хўроки чорво дар майдони 102279 га гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта кишти ғалладонагиҳо 5785 га, картошка 6392 га, сабзавот 2767 га, полизӣ 864 га зиёд буда,  кишти зироатҳои хўроки чорво ба 95,6 фоиз ва зироатҳои техникӣ ба 99,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Ҳамзамон, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маљлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2020, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошка дар кишти асосӣ бо назардошти 40 фоиз зиёд намудан 65312 гектар ва бо назардошти 60 фоиз зиёд намудани кишти зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон дар кишти такрорӣ 185948 гектар пешбинӣ гардид.

Иҷроиши кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хољагидорӣ бо дарназардошти  дурнамои пешбинигардида дар кишти асосӣ (89 фоиз) таъмин гардид.

  • Кишти такрорӣ

Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хољагиҳои деҳқонӣ ва љамоавӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2020 дар майдони 60858 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2902 гектар зиёд мебошад.   Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 31690,4 гектар, аз он шолӣ 8489,5 гектар, зироатҳои техникӣ 1965 гектар, картошка 77,1 гектар, сабзавот 6684 гектар ва полизӣ дар майдони 3708 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ кишти ғалладонагиҳо 6955,1 гектар, аз он шолӣ 1773,4 гектар, зироатҳои техникӣ 78 гектар, картошка 21,4 гектар, сабзавот 1877 гектар ва полизӣ 355 гектар зиёд мебошад. Кишти зироатҳои хўроки чорво дар майдони 16734 гектар гузаронида шуда, ба 72,4 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

  • Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

 Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.06.2020, хоҷагиҳои љамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 2114,8 гектар боғ ва 388,9 гектар токзор бунёд намуданд, ки дар баробари ин 108,4 га (70,8%) боѓҳои интенсивӣ бунёд ва майдони 1959,7 га (92,3%) боғу токзорҳои кўҳна барқарор карда шудааст.

  • Мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу токзор

Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боѓу токзор 725 литр заҳрдору ва ҷиҳати аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 23000 литр заҳрдору, 500 ҷуфт либоси муҳофизавӣ, 200 адад дорупошаки дастӣ, 667 техника ва таҷҳизот ба кор омода ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сўзишворӣ захира карда шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 1000  нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд.

  • Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2020 аз майдони 101 гектар гармхонаҳо, аз љумла барои сабзавот 80,4 гектар  ҳамагӣ 1994 тонна сабзавот, аз љумла помидор 1418,9 тонна, бодиринг 361,7 тонна ва дигар намуди сабзавот 213,4 тонна истеҳсол карда шудааст, ки дар маҷмўъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 238,9 тонна ё ин ки 13 фоиз зиёд мебошад.

  • Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Тибқи маълумоти фаврии гумрукӣ ба ҳолати 01.07.2020 96447 тонна маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 12 650 692 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рўи ҳаљм 24247 тонна ё 33,6 фоиз ва аз рўи арзиши гумрукӣ 3 749 572 доллари ИМА зиёд мебошад. Бахусус  содироти пиёз 77621 тонна ё 43,2 фоиз, меваи ситрусӣ 229 тонна ё 5 баробар, меваи хушк ва чормағзмева 9429 тонна ё 9,4 фоиз ва гелос 418 тонна ё 8,3 фоиз зиёд гардидааст.

 

  • Рушди соҳаи чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гўшт, шир ва тухм муассир буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хољагидории ҷумҳурӣ 2375435 сар чорвои калон аз он модагов 1230495 сар, қутос 29655 сар, гўсфанду буз 5892059 сар, асп 82815 сар, занбури асал 231642 оила ва 8700279 сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 24996 сар аз он модагов 18909 сар, қутос 501 сар, гўсфанду буз 110560 сар, асп 111 сар, занбури асал 7289 оила ва паранда 1068151 сар зиёд гардидааст.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ буда, дар миқёси ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз он 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ ташкил карда шудааст.

Мутобиқи маълумотҳо ба ҳолати 01.07.2020 тавассути нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 18019 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби  бордоркунии сунъӣ 14272 сар гўсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  бордоркунии сунъӣ 571 сар ва гирифтани насли хушзот 815 сар зиёд аст.

  • Моҳипарварӣ

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расонида шуда, тибқи маълумоти оморӣ ба 01.07.2020 832,2 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 368 тонна ё 79,3 фоиз зиёд мебошад. 

  • Занбӯрпарварӣ

Соҳаи занбурпарварӣ низ соҳаи сердаромадтарин ба ҳисоб рафта   шумораи оилаи занбўри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба 01.07.2020 ба 231642 оила расонида шуда, барои рушди он дар доираи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” 560 оилаи занбўри асал бо таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ дастрас карда шуда ба ноҳияҳои Рашт 260 оила, Тоҷикобод 120 оила ва шаҳри Норак 180 оилаи занбури асал ба занбурпарварон дастрас карда шуд.

  • Парандапарварӣ

Бояд тазаккур дод, ки бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш гардида, ба 169 адад расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд буда, барои бо љойҳои кории доимӣ таъмин гардидани аҳолӣ, зиёд шудани саршумор, истеҳсоли тухм ва гўшти паранда дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст.

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ моҳҳои март ва июни соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаҳои нави парандапарварии “Мурғи аълосифат”-и шаҳри Гулистон, “Кластери парандапарварӣ” ва “Чўҷаи Байзо”-и ноҳияи Б.Ғафуров оғози расмӣ бахшида шуд.

Бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, бахусус мурғи марҷон, истеҳсоли тухм ва гушти паҳрезӣ  дар доираи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар нимсолаи якуми соли 2020, 70 адад инкубаторҳои хонагӣ барои барориши чуҷаҳо ба гурўҳҳои занони паррандапарвар дастрас карда шуданд.

 Бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида 11270 сар чўҷаи мурғи хонагӣ ва 4252 сар чўҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони эҳтиёҷманд 1909 сар чўҷаи мурғи хонагӣ ва 559 сар чўҷаи мурғи марҷон ба 331 нафар занони ниёзманд ройгон дастрас карда шуданд.

  • Техникаи кишоварзӣ

Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мављуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хољагидорӣ 27540 адад тракторҳо, аз он 1746 адад тракторҳои шудгоркунанда, 10000 адад испорҳои тракторӣ, 9021 адад ядакҳои тракторӣ, 3248 адад нармкунанакҳо 2343 адад тухмипошакҳо, аз он љумла 1997 ададаш тухмипошакҳои пахта, 1058 адад комбайнҳои ѓалладарав, 155 адад комбайнҳои хўроки чорвоғундор, 1342 адад дости тракторӣ, 711 адад тойбанду-тагрезчинҳо, 223 адад алафљамъкунакҳо ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мављуд мебошад, ки барои анљом расонидани корҳои саҳроӣ васеъ истифода шуда истодааст.

Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.

Вобаста ба таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 252 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои љумҳурӣ 77 адад трактори гуногунтамға ва 175 адад мошинолоти кишоварзӣ бо тариқи иҷори молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.

  • Дастовардҳои илмӣ дар самти кишоварзӣ

Дар давоми шаш моҳи соли 2020 дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  таҳқиқотҳо тибқи 60 мавзўи фармоишӣ, 6 лоиҳа тибқи барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, 4 барномаи байналмилалӣ ва 3 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома дошта, зиёда аз 70 қитъаи таҷрибавию намоишӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо омўзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боѓҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалиҳою зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра гузаронида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Олимони муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 4 нахустпатент, 2 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ, 4 қарор дар бораи додани нахустпатент, 4 хабарнома оид ба натиљаи мусбати экспертизаи расмии ихтироот ва 2 арзнома гардиданд.

Оид ба масъалаҳои рўзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 155 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 6 китоб ва 23 тавсияномаю дастур аз чоп бароварда шудааст. Дар ин давра 2 рисолаи номзадӣ ва 16 рисолаи магистрӣ дифоъ гардидааст.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар 10 факултети донишгоҳ 10153 нафар  донишљў ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 7909 нафар аз рўи 46 ихтисос дар шуъбаи рўзона ва 2244 донишҷӯ аз рўи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳро 1601 нафар (614 нафар буљавӣ ва 987 нафар шартномавӣ) донишҷўи бакалавр ва мутахассис, инчунин 34 нафар магистр ва 9 нафар доктор аз рўйи ихтисоси PhD хатм намуд, ки аз  ин теъдод 1331 нафар бакалавриат аз рўйи 35 ихтисос ва 270 нафар мутахассис аз рўйи 9 ихтисос, 34 нафар магистр (19 нафар буљавӣ ва 15 нафар  шартномавӣ) ва 9 нафар доктор аз рўйи ихтисоси PhD (9 нафар буҷавӣ)  ва дар маҷмўъ 1664 нафар мебошанд.

Дар Донишгоҳ барои тайёр намудани кадрҳои дараҷаи илмӣ дошта, 4 Шўрои диссертатсионии миллии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои дарёфти дараљаҳои илмӣ докторӣ аз рўйи ихтисосҳои иқтисодиёт ва идоракунии КАС, агрономӣ, чорводорӣ ва техникаву технологияи аграрӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 12 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд ва 10 нафар иҷозат ба ҳимояи расмиро гирифтаанд. Дар ин давра аз тарафи олимону омўзгорони донишгоҳ 6 китоби дарсӣ, 78 дастури методӣ, 4 монография, 7 тавсиянома, 580 мақолаи илмӣ, шумораи рақамҳои 1 ва 2 маҷаллаи назариявию илмию истеҳсолии “Кишоварз”, 5 шумораи рўзномаи “Дониш” ба чоп расонида шуданд. Аз тарафи олимони донишгоҳ 14 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи дуру наздик чоп шуданд.

  • Дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо љалби сармояи хориљӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи тиљоратикунонӣ ва аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази идораи “Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо” Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи љомеа” татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 2126,5 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 102,6 % фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар самти ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаи кишоварзӣ машварати кории Вазири кишоварзӣ бо Шарикони рушд баргузор гардид, ки дар машварати кории мазкур роҳбарони аввали ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ байни вазирони кишоварзии Осиёи марказӣ, аз ҷумла давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон видео машварат оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ба масъалаҳои ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ  бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишварҳои минтақа, доир гардид. Вазирон амалҳои заруриро барои рафъи оқибатҳои чунин вазъ баррасӣ карда, ташаббусҳои миллӣ ва чораҳоеро, ки барои бартараф кардани монеаҳо дар таъмини маҳсулоти озуқаворӣ ба миён омаданд, муҳокима карданд.

  • Ташкилӣ семинару машваратҳо ва ярмака-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо  мақсади баланд намудани самаранокии соҳа, фармоиш ва нақша-чорабинии вазорат аз санаи 20.12.2019, №144 оид ба баргузории семинар-машваратҳо дар мавзӯи “Раванди ислоҳоти кишоварзӣ - асоси ноилшавӣ ба афзалиятҳои миллӣ дар бахши кишоварзӣ” дар давраи  солҳои 2019-2020 таҳия ва тасдиқ гардида, дар маљмўъ дар 39 шаҳру ноҳияҳои љумҳурӣ семинар машварат гузаронида шуд.

Бо мақсади иљрои Амри Президенти Љумҳурии Тољикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 «Оид ба ҷадвали баргузории фестивал- намоиш, ид ва озмунҳои анъана ҳунарҳои мардумӣ дар Љумҳурии Тољикистон барои солҳои 2019-2020» санаи 26 январи соли 2020 дар Муассисаи давлатии «Боѓи фарҳангу фароѓатии ба номи А. Фирдавсӣ» - и шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои зертобеи вазорат ва як қатор мақомоту идораҳои дахлдор љашни “Сада” дар сатҳи баланд таљлил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ, аз љумла бозорҳои пойтахти кишвар ва љиҳати муътадил нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал тибқи супориши муовини Сарвазири Љумҳурии Тољикистон аз 17.02.2020, №28/5-6 ва аз 02.03.2020 №28/5-7 аз 18 феврал то 1 марти соли 2020, Рўзи модар, љашни Наврўзи байналмилалӣ ва моҳи Рамазон бо иштироки хољагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суѓду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи љумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка- фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар маљмўъ зиёда аз 1780 тонна маҳсулот нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд ва ин иқдом дар рўзҳои Иди Қурбон ва дигар љашнвораҳои љумҳуриявӣ то охири соли 2020 гузаронида мешавад.

  • Кӯмак ба ятимону бепарастон

Дар арафаи љашнҳои љумҳуриявӣ ва миллӣ ба Мактаб-интернати кўдакони ятиму бепарасторони ноҳияи Ёвон ва шаҳрвандони маъюб ва эҳтиёљманд ба маблаѓи 17000 сомонӣ маҳсулотҳои хўрокворӣ ва ба таврӣ гузаронидани маблаѓ ба суратҳисоби он, ҳамчун кўмаки хайрия ба эҳтиёљмандон расонида шуд ва ин иқдом барои баланд бардоштани рўҳияи кўдакони ятиму бепарасторон ва эҳтиёљмандон идома дода мешавад.

 

  • Таҳкими ҳамкорӣ бо ВАО

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 56 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боѓу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарѓиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.

        Дар саҳифаҳои рўзномаву маљаллаҳои расмӣ ва ѓайрирасмӣ 98 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассисону олимон барои рушди соҳа буданд.

 

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тамос : 235 38 63

Илова кунед: