Cанаи 31.01.2021 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе "Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.

Ҷашни Сада дар баробари Наврӯзу Меҳргон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати устуворонаи фарҳангии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба санадҳои таърихӣ эҳё гардидааст ва мардуми шарафманди тоҷик бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ин санаро бо ифтихор таҷлил менамоянд.
Дар ин рӯз, кишоварзон аз тамоми ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Олимони соҳаи кишоварзии мамлакат аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз аз ҷониби олимони кишоварзӣ 5 навъи зироати кишоварзӣ, 2 навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 навъи ҷуворимаккаи офаридаи олимони Академия, ки минтақабоб шудаанд, пешниҳод гардиданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ризоӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданда, дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокдорони фаъолӣ ҷашни Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи наминатсияҳо дипломҳои дараҷаи I, II, III-юм, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон