Роҳбарият

ВАЗИР
ҲАКИМЗОДА ҚУРБОН
Аз 05 январи соли 2023 дар мансаби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: агроном-олим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1988- | Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1988-1993- | Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
Солҳои 1993-1995- | Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
Солҳои 1995-1996- | Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд |
Соли 1996(07-09)- | Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1996-1999- | Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1999-2002- | Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2002-2004- | Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
Солҳои 2004-2006- | Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Соли 2006 (02-12)- | Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2006-2008- | Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Соли 2008 (01-03)- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
Солҳои 2008-2010- | Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
Соли 2010 (06-09)- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон |
Солҳои 2010-2013- | Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон |
Солҳои 2013-2018- | Муовини якуми раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2018-2019- | Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2023 | Раиси вилояти Хатлон |
МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИР
МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН
Мирзозода Музаффар Бурҳон 2 сентябри соли 1970 дар ноҳияи Муъминобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ў соли 1993 факултети зооинжинерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва соли 2014 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо муваффақият хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1987 ҳамчун коргари Хоҷагии давлатии «Аврора»-и н. Муъминобод оғоз намуда, бинобар шавқу рағбати зиёд ба ин соҳа доштан соли 1988 сазовори номи донишҷўи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур гашта, онро 1993 хатм намудааст.
Солҳои 1994-1998 ба ҳайси бригадири ферма ва зоотехники зотпарварии Хоҷагии давлатии «Аврора»-и н.Муъминобод, солҳои 1998-2003 Сарзоотехники Хоҷагии «Навбаҳор»-и н. Муъминобод, солҳои 2003-2007 Сардори Шўъбаи кори зотпарварии Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2015 Сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.03.2015 то 16.05.2015 Сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2020 Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02.2020 №93 то 26.01.2022 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2022 №5 ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23.07.2021 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст.
МУОВИНИ ВАЗИР
НИГИНА АНВАРӢ
Нигина Анварӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллифи рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар шароити тақвиятёбии равандҳои ҳамгироӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” с. 2006, монография ва 13 мақолаи илмӣ. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
1 январи соли 1977 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Солҳои 1994 – 1999 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1996–1997 мутахассиси дараҷаи 1-уми идораи таъминот ва истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагии Вазорати маҳсулоти ғалладонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1997–1999 мутахассиси дараҷаи 1-уми Идораи таъминот ва истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагии Ширкати давлатии холдингии «Ғалла».
Солҳои 1999 – 2001 муовини сардори Шуъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2001 – 2002 муовини сардори Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2002 – 2008 сармутахассиси Шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2008 – 2010 сармутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2010 – 2013 муовини Мудири Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2013 – 2020 муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 14 феврали соли 2020 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012) сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23.07.2021 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст.
МУОВИНИ ВАЗИР
ЗЕВАРШОИ ЗЕВАРШО ТАЙҒУНШОЗОДА
Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода 10 сентябри соли 1961 дар деҳаи Сохчарви деҳаи Зевардашти ноҳияи Шуғнон ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби се фарзанд.
- соли 1979 мактаби миёнаи №7 деҳоти Сохчарви ноҳияи Шуғнонро хатм кардааст.
- соли 1980-1982 дар сафи Артиши Шуравӣ дар шаҳри Волгоград адои хидмат намудааст.
- соли 1982-1988 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси муҳандис – механики хоҷагии қишлоқ шудааст.
- соли 1988-1992 дар муассисаи Я/С 3/1 ШКД дар вазифаи муҳандиси назорати техникӣ лейтинанти калон кор кардааст.
- соли 1994-2010 дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи аввал,сардори шўъбаи боркашонӣ, сардори шуъбаи ҳамлу нақл, муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобилӣ, муовини сардори нақлиёти руйзаминӣ фаъолият кардааст.
- соли 2010- 2013 сардори ҶДММ «АНБАТ- Сервис» фаъолият намудааст.
-соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 18.04.2013, таҳти №177 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
- соли 2019 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019, таҳти №1336 ў бо медали «Хизмати шоиста» қадридони гардидааст.
МУОВИНИ ВАЗИР
НОСИРЗОДА ҶАББОР