Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Растанипарварӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Дар соли 2020 барои замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 856822 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ кишти зироатҳо, нисбат ба соли 2019, 9832 гектар ё 1,1 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 389559 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 5809 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии ғалладонагиҳо 300305 гектар ё 77,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 89254 гектар ё 22,9 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар кишти соли ҷорӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 51612 тонна тухмии захирагардида васеъ истифода карда шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1562109 тонна ғалладонагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1069641 тонна ё 68,5 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ  492468 тонна ё 31,5 фоизро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли гузашта  истеҳсоли ғалладонагиҳо 10,4 фоиз зиёд шудааст.

Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гандум ба 863693 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 27479 тонна ё 3,3 фоиз зиёд мебошад. Дар истеҳсоли гандум ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 636071 тонна ё 73,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 30412 тонна ё 5 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо (бе ҷуворимакка) ба ҳисоби миёна аз як гектар 29,1 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 сентнер зиёд мебошад. Инчунин, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар гандум 32 сентнерӣ ҳосил рӯёнидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1,0 сентнер зиёд мебошад.

Кишти пахта дар майдони 186155 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 484 гектар зиёд мебошад. Бо тавсияи мутахассисони вазорат аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва шарикони рушд ба миқдори 93,3 тонна чигити тухмӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои пахтапарвар дастрас карда шуд. Инчунин аз ҳисоби захираи чигит 12955 тонна тухмӣ дар кишт васеъ истифода бурда шуд.

Дар натиҷа соли 2020 дар ҷумҳурӣ 409477 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6494 тонна ё 1,6 фоиз зиёд мебошад.  

Барои ҳимояи пахтазори ҷумҳурӣ аз зараррасонҳо майдони 59525 гектар коркарди кимиёвӣ, барои пешгирии паҳншавии зараррасонҳои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана майдони 21411 гектар бо хокаи олтингӯгирд (сулфур) коркард ва дар майдони 63228 гектар ҳашаротҳои фоидаовар аз он трихограмма дар 29133 гектар, тиллочашмак 26222 гектар, габрабракон 7873 гектар истифода шуда, ба миқдори 25451 адад домҳои феромонӣ гузошта шуд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи маълумоти фаврии оморӣ  дар майдони 52731,5 гектар кишти картошка гузаронида шудаст, ки аз он 29191,5 гектар ё 55,4 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 23540 гектар ё 44,6 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост омада, дар маҷмӯъ нисбат ба соли гузашта 975,5 гектар зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта кишти картошка 4467,5 гектар кам гардида, аз ҳисоби 5443 гектар зиёд кишт гардидани картошка дар хоҷагиҳои аҳолӣ таъмин гардидааст. Бо ҷалби шарикони рушд 120 тонна картошкаи тухмӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои картошкапарвар дастрас карда шуд. Аз ҳисоби зиёда аз 60 ҳазор тонна захираи картошкаи тухмӣ дар кишти соли ҷорӣ истифода шуд, ки ин 52 фоизи талаботи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқониро ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ майдони паҳнгаштаи зараррасону касалиҳои картошка дар майдони 11915 гектар мушоҳида гардида, коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамо 65312 гектар пешбинӣ гардид, ки мутаасифона кишт дар майдони 52731,5 гектар гузаронида шуд, ки 80,7 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 24,9 фоиз, вилояти Суғд 19,5 фоиз, вилояти Хатлон 29,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҳисор 46,7 фоиз, Рудакӣ 10 фоиз, Ваҳдат 12 фоиз,Тоҷикобод 10 фоиз, Нуробод 40,8 фоиз, Сангвор 26,2 фоиз, Файзобод 37,6 фоиз таъмин нагардид, ки ин ба ҳаҷми истеҳсол таъсири манфӣ расонид.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 990754 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 645946 тонна ё 65,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва 344808 тонна ё 34,8 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Истеҳсоли картошка ба 99,6 фоизи соли гузашта баробар буда, 0,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли картошка 3676 тонна ё 0,4 фоиз ва дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 30822 тонна ё 4,6 фоиз коҳиш ёфта дар хоҷагиҳои аҳолӣ 27145 тонна ё 8,5 фоиз афзош ёфтааст. Ба коҳишёбии истеҳсоли картошка маҳдудияти эпидимиологии ҳамлу нақли бор, ки ба сустшавии гардиши савдо, воридот ва қиматтшавии нархи тухмӣ ва нуриҳои минералӣ, норасоии воситаҳои молиявӣ ва таъсири манфии офатҳои табии моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар 219,5 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд,  ки нисбат ба соли гузашта 19,3 сентнер зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 69785 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 2770 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии сабзавот 39902 гектар ё 57,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 29883 гектар ё 42,9 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2480595 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1512066 тонна ё 61 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 968530 тонна ё 39 фоизро ташкил медиҳад.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ ба ҳисоби миёна 266,6 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 11,9 сентнер зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ майдони паҳнгаштаи зараррасону касалиҳои сабзавот дар майдони 18492 гектар мушоҳида гардида, коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Кишти полизӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 22754 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 871 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии полизӣ 19449 гектар ё 85,5 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 3305 гектар ё 14,5 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли ҳисоботӣ 756988 тонна полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 618304 тонна ё 81,7 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 138684 тонна ё 18,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳосилнокии зироатҳои полизӣ ба ҳисоби миёна 264,4 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 7,8 сентнер зиёд мебошад.

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии кишвар ҳисоб ёфта, тибқи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бунёд намудани боғу токзори нав дар 2913 гектар, аз он боғ 2462 га ва токзор 451 га, инчунин бунёди боғҳои интенсивӣ дар майдони 153 гектар ва барқарор намудани боғу токзорҳои кӯҳна дар майдони 2124 гектар пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар майдони 2664 га (91,4%), аз ҷумла 2273,6 га боғ (92,3%) ва 388,9 га токзор (86,2%) бунёд карда шудааст. Дар баробари ин 108,4 га (70,8%) боғҳои интенсивӣ бунёд ва майдони 2002 га (94,3%) боғу токзорҳои кӯҳна барқарор карда шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 470355 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 252499 тонна ё 53,7 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 217856 тонна ё 46,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли мева 3273 тонна ё 0,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Инчунин, дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 239956 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 123941 тонна ё 51,7 фоиз  ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 116015 тонна ё 48,3 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли ангур ба 97,1 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, истеҳсол 7210 тонна коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти таъсири офатҳои табиӣ, хисорот дар майдони 5,5 ҳазор гектар токзор ба қайд гирифта шуда буд, ки ба вилояти Суғд 2,3 ҳазор гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,2 ҳазор гектар рост меояд.

Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу токзор 725 литр заҳрдору ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Барои додани тавсияҳои судманд ва роҳнамоии боғпарварони ҷумҳурӣ семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба мавзӯи “Муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои полизӣ ва субтропикӣ” дар ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши ниҳолҳо таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» гузаронида шуд, ки дар он аз ҷониби хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВДҶ хоҷагиҳои ниҳолпарвари “Тоҷикниҳолпарвар”-и вазорат ниҳолҳои хушсифат ба харидорон пешниҳод карда шуд.

Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифат дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВДҶ “Тоҷикниҳолпарвар” ба миқдори 1040276 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз тайёр карда шуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ 424004 бех ниҳол фурӯхта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 5 гектар дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, дар  замини мавзеъи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати зиёда аз 1100 гектар дар кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” ва дар масоҳати 5 гектар дар хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и ноҳияи Спитамен дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Витаминҳои Тоҷикистон", ба бунёди боғҳои нав ва суперинтенсивӣ оғози расмӣ бахшида шуданд.

Инчунин дар моҳҳои сентябр - октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Восеъ ба бунёди боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияти маҳдуди «Хушсифат»-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ дар масоҳати 24 гектар ва дар ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба ба токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дар  масоҳати 15 гектар, ки обёрии боғи навбунёд бо усули қатрагӣ сурат мегирад шинос шуданд.

Ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ

Бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах дар соли ҷорӣ ба миқдори 23885 литр заҳрдору, инчунин таҷҳизотҳои зарурӣ, либосҳои муҳофизавӣ ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сӯзишворӣ захира карда шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах зиёда аз 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах дар мавсими имсола майдони 396543,0 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуданд.

Кишти такрорӣ

Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 дар майдони 102525 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 16252 гектар ё 18,8 фоиз зиёд мебошад.

Кишти ғалладонагиҳо якҷо бо ҷуворимакка дар майдони 44747 гектар, аз он шолӣ 9758 гектар, дигар ғалладонагиҳо 14592 гектар, зироатҳои техникӣ 2927,3 гектар, дигар зироатҳои техникӣ 2914,3 гектар, картошка 1821,4 гектар, сабзавот 15790 гектар ва полизӣ дар майдони 4850,5 гектар ва зироатҳои хӯроки чово 32389 гектарро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 73289,5 тонна зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо, аз ҷумла 42560 тонна шолӣ ва 90212 тонна ҷуворимаккаи дон гирифта шудааст, ки мутаносибан 27,3 фоиз, 40,1 фоиз ва 61,9 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин аз ҳисоби кишти такрорӣ 6081 тонна картошка, 345072 тонна сабзавот ва 104130 тонна полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта картошка 2,1 баробар, сабзавот 38,6 фоиз ва полизӣ 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Рушди гармхонаҳо

Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тоза тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар гармхонаҳои доимоамалкунандаи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ дар майдони 86,4 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он 18,4 гектар бодиринг, 53,9 гектар помидор ва 14,1 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимамалкунанда 2558 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо пешкаш карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 289 тонна зиёд мебошад. Аз ҷамъи умумии сабзавоти истеҳсолшуда 562 тоннаро бодиринг, 1757 тоннаро помидор ва 239 тоннаашро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад.  Мавриди зикр аст, ки майдони мавҷудбудаи гармхонаҳо  барои таъминоти талаботи аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон қонеъкунанда набуда, вобаста ба ин ҷиҳати вусъат додан ба бунёди гармхонаи замонавӣ аз ҷониби бахши хусусӣ, пешниҳод оид ба додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳодҳо ба Вазорати молия ирсол карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 26 марти соли ҷорӣ ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ММК Агро", оғози расмӣ бахшида шуд, ки он аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров бунёд гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад.

Инчунин 1 октябр дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”, ки дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардидаааст, дидан намуданд.

Корҳои омодагӣ барои ҳосили соли 2021

Барои замина гузоштан барои ҳосили соли 2021 тибқи маълумоти оморӣ ба 01.01.2021 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 163315 гектар кишти тирамоҳӣ барои дон гузаронида шудааст, ки 96,7 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин давра хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти сабзавоти барвақтиро дар майдони 14155 гектар, аз он пиёз  10914 гектар, карам 748 гектар, сабзӣ 1678 гектар, сирпиёз 63 гектар, дигар сабзавотҳо 662 гектар ва сабзавоти тухмӣ 73гектар гузаронидаанд, ки кишти сабзавоти барвақтӣ ба 95,9 фоиз, аз он пиёз 94,4 фоиз, карам 106,7 фоиз, сабзӣ 101,1 фоиз, сирпиёз 107,9 фоиз, дигар сабзавотҳо94,8 фоиз сабзавоти тухмӣ 169,3 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.  Кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1522 гектар гузаронида шудаст, ки нисбат ба соли гузашта 1359 гектар кам буда, 53 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати аз хориҷи кишвар харидорӣ кардани то 900 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элита барои кишти тирамоҳӣ соли 2020 ва то 1000 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита барои кишти баҳории соли 2021 дастгирии худро ёфт.

Дар асоси шартномаи  ба имзо расонидашуда бо ширкати ҶДММ “Агрохмель”- и Федератсияи Русия ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии навъҳои “Московсквя 39”, “Московская 56” ва “Мироновская 808” ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Дар асоси шартномаи дутарафа тибқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 54165 тонна тухмии зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо (бе ҷуворимакка) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2553 тонна зиёд буда, аз он гандуми тухмӣ 45047 тоннаро ташкил дода, нисбати соли гузашта 1151 тонна зиёд мебошад. Инчунин дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 67086 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7034 тонна зиёд мебошад.

Илова кунед: