Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Паррандапарварӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2020

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии чорводорӣ буда, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 177 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 43 адад зиёд аст.

Дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли гузашта истеҳсоли гӯшти паранда 1,9 баробар зиёд гардида, 30,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 23,9 ҳазор тонна ё 78,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ рост омада,  нисбат ба моҳҳои январ- декабри соли 2019 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои замимаи 4-и Барнома барои рушди соҳаи парандапарварӣ 520 ҳазор сомонӣ пешбини гардид. Бо истифодаи маблағи мазкур тавассути Озмуни харид аз ҶДММ “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Хуҷанд 72,0 ҳазор сар, аз ҷумла 32,0 ҳазор сар чӯҷаи якрӯзаи самти тухмдеҳ ва 40,0 ҳазор сар чӯҷаи самти гӯштӣ харидорӣ гардид. Миқдори зикргардидаи чӯҷаҳои якрӯза дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои парандапарварӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо мақсади афзун намудани истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дастрас карда шуд.

Соли ҷорӣ дар доираи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаҳои парандапарварии “Мурғи аълосифат”, “Дӯсти Азиз”, “Чӯҷаи Байзо”, “Ҷасур” ва сехи чӯҷабарории “Суғдиён Свердловск” оғози расмӣ бахшида шуд, ки бо таъсиси корхонаҳои мазкур истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти  ватанӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон  бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ бо чӯҷаҳои якрӯзаи зотӣ ва тухми инкубатсионӣ корхонаҳои парандапарварии «Суғдиён Свердловск»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Рушди парандапарварӣ»-и шаҳри Турсунзода ва “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Исфара ба парвариши мурғони модарии самти тухмдеҳ ва гӯштӣ шуруъ намуда, айни замон ба қадри имкон талаботи корхонаҳои парандапарвариро бо ҷуҷаҳои якрӯза таъмин намуда истодаанд.

Илова кунед: