Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти судманд дар соҳаи кишоварзӣ

Мулоқоти судманд дар соҳаи кишоварзӣ

28.01.2020


Санаи 28.01.2020 дар толори Вазорати кишоварзӣ муовини якуми вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Шапира мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Сараввал ташрифи меҳмонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Вазорати кишоварзӣ хайрамақдам гуфта, барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар соҳаи кишоварзӣ бо Давлати Исроил изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил изҳор дошт, ки Давлати Исроил омодааст робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ рушд диҳад, зеро шароити иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза аст хуб мебошад.

Инчунин иброз дошт, ки соҳаи кишоварзии Давлати Исроил имрўзҳо рушд намудааст ва айни ҳол омодааст, ки дар самтҳои мувофиқ барои мутахассисони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаҳои Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Исроил (MASHAV) курсҳои бозомўзӣ ва мубодилаи мутахассисонро ташкил намояд.

Чуноне ки таъкид гардид, Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Исроил (MASHAV) бо 140 давлати дунё ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар самтҳои гуногун фаъолият менамояд.

Дар ин замина, ҷалби ширкатҳои исроилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти технологияҳои муосир ва бо мақсади коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, басту банд ва ғайра муҳим дониста шуд.

Дар фарҷом изҳор дошт, ки дар моҳи апрели соли 2020 барои омўзиши технологияи муосири соҳаи кишоварзии Давлати Исроил тариқи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) курси омўзишӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Муовини якуми вазири кишоварзӣ пешниҳодҳои меҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ташкили қитъаҳои намоиширо бо мақсади ҷалбу омўзиши деҳқонони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донист.

Пешниҳод намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохи ҳамкоририро дар соҳаи кишоварзӣ доро буда омодааст, дар самтҳои афзалиятноки кишоварзӣ бо Давлати Исроил ҳамкорӣ намояд.

Ҳамкорӣ оид ба бозомўзии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, боздиди мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз технологияи муосири Давлати Исроил, ташкили марказҳои намоишӣ дар минтақаҳои ҷумҳуриро муҳим донист.

Дар маҷмўъ, мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва хамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-63