Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

13.02.2023

Санаи 12 феврали соли 2023 дар Меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенси Душанбе мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо муовини Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиё Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озам Севимлӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек низ иштирок намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат, амалисозии лоиҳаҳои минбаъда ва маблағгузориҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, пешгирии тағйиёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, дастгириҳо дар самти илм аз ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ва масъалаҳои обёрикунии заминҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Муовини Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиё Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озам Севимлӣ ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳо, барномаҳо ва обёрии заминҳо ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳаи илм, истифодаи имкониятҳои истеҳсолӣ ва содироти молу маҳсулот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон