Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.02.2023

Санаи 10 феврали соли 2023 мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григориев Семён Вячеславович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки бо дарназардошти шароитҳои агроиқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи бозори Россия ба маҳсулоти кишоварзӣ махсусан ба анвои меваи хушк, ангур ва пиёзи барвақтӣ зиёд буда, дар раванд ҷонибҳо метавонанд барои ҳавасмандии соҳибкорону кишоварзони тарафайн ҳарчи бештар ҳамкориҳоро байни ҳамдигар ба роҳ монда, содироти маҳсулотро ҷорӣ намоянд.
Тарафҳо ташрифи қарибулвуқуи Сарвазири Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сарҷамъ намудани доираҳои соҳибкории соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид шуморида, ташкили намудани мулоқотҳо барои дарёфти шарикони боэътимод афзал шумориданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расонидаи «Харитаи роҳ доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия»-ро ҷонибҳо амалӣ намоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон